Ҷарроҳи номӣ ва инсони пурмасъулият

Бархе инсонҳо барои бақои инсоният дар олам ва муҳити атрофи худ воқеан муҳиманд. Будани онҳо ҳамеша манфиатовар аст ва дар набуданашон ҷойи онҳо холӣ мемонад, ки он холигӣ зуд эҳсос мегардад. Агар кору пайкор ва афкори ин гуна инсонҳоро мутолиа бикунед, панди бекарон мегиред — панди кору зиндагӣ, ҳололкориву некдилӣ ва одаму одамгарӣ.

Ба ҳуҷраи кории Носирӣ Қаҳҳор — ҷарроҳи номии кишвар бо салом ворид шудаму эшонро ғарқи хаёл дарёфтам. Сукуташон инсонро бо худ мебурд. Зеро он сукуте буд, ки дар он таҳлилу андешаҳои зиёде нуҳуфта гардида. Ҳамаи инро одаме пай бурда метавонист, ки агар боре бо ин инсони зиндадилу бовиқор нишаставу ҳамсуҳбат шуда бошад. Ман борҳо бо ин ҷарроҳи хушноми кишвар суҳбат кардаам ва аз ин рӯ, медонам, ки сукути эшон чӣ маънову муҳтавое дорад.

Хусусан вақте Носирӣ Қаҳҳор аз халқу миллат ҳарфе зананд, ба таъбире дар мегиранд. Ба гуфти шоир Мирзо Турсунзода: “Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт”. Дар ҳар суханашон муҳаббати самимиашон ба Ватану миллат ҳамеша эҳсос карда мешавад. Шояд ҳама бихоҳанд, ки халқи тоҷик дар дунё сарболо бошад, аммо кам касоне ҳастанд, ки онро дар ҳар лаҳзаи кору пайкори худ дидаву дар роҳи амалинамоии он шарафмандона қадам бигузоранд. Агар ҳар нафаре ин гуна ҳадаф дошта бошад ва онро дар кору зиндагии худ ҳар лаҳза бо ҳисси масъулият амалӣ намояд, тоҷик дар дунё ҳамеша сарболо хоҳад буд. Носирӣ Қаҳҳор нафаре ҳастанд, ки доим аз рӯйи чунин ормону шиор амал мекунанд ва атрофиёнашонро низ ба ин роҳ талқин менамоянд. Зеро озодагиву шоистагӣ ва ҳалолкориву ҳақпарастӣ дар вуҷуду сиришташон ҷойгузин гардида.

Носирӣ Қаҳҳор (Носиров Қаҳҳор Нарзуллоевич) баъди хатми Донишкадаи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1984 (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино), аз соли 1984 то 1985 дар вазифаи ҷарроҳ — интерни Беморхонаи марказии ноҳияи Кофарниҳон, солҳои 1985-1988 лаборанти калони кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе, солҳои 1988-1993 духтур-ҷарроҳ, мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе, ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1993-2005 ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, духтур-ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе кор кардаанд.

Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бошад, Носирӣ Қаҳҳор роҳбарии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи шаҳрии №5-и шаҳри Душанберо бар уҳда дошта, дар он солҳои бесарусомонӣ беморону ҷароҳатёфтагони зиёдеро табобат кардаанд. “Шуруи солҳои навадум бароям ваҳмангез буд. Зеро дар ин солҳо гурӯҳҳои гуногуни ифротгарову ба ном демократхоҳ бо баҳонаҳои гуногун ва шиорҳои бегона ба сари миллати мо рӯзҳои сахту сангин оварданд. Дар беморхонаҳо касалҳо пур буданд ва аз ин рӯ, рӯзҳои табибон бисёр вазнину пур аз мушкилиҳо сипарӣ мешуданд”,- ба ёд меорад ин ҷарроҳи номии кишвар.

Носирӣ Қаҳҳор соли 2004 рисолаи номзадиашонро дифоъ намуда, тӯли солҳои 2005-2008 дар вазифаи муовини декани факултети тиббӣ, муолиҷавӣ, ассистент, дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 2008 то соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи таълими донишгоҳи мазкур фаъолият кардаанд. Ҳамчунин, эшон дар ин солҳо дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и донишгоҳ ба ҳисоб мерафтанд.

Дар ҳар давраи фаъолияти худ Носирӣ Қаҳҳор шогирдони зиёде ва мутахассисони ҷавонеро тарбия намудаву дар зиндагӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардаанд. Яъне Носирӣ Қаҳҳор ҳамчун устоди воқеӣ, ки шогирдонашро дар ҳама пайроҳаҳои зиндагӣ дастгирӣ ва раҳнамоӣ мекунад, ба дастпарваронашон ғамхорӣ намудаанд ва аз ин рӯ, имрӯз аксари онҳо номи эшонро бо эҳтиром ба забон меоваранд.

Ҳоло Носирӣ Қаҳҳор тӯли чанд сол аст, ки роҳбарии Хадамоти ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бар уҳда доранд ва ин масъулиятро бо тамоми нерӯ ва заҳмати беандоза иҷро мекунанд. Агар ҳар касе ҳар вақте ба утоқи кории эшон меравад, он касро ҳатман саргарми коре мебинад. Носирӣ Қаҳҳор ҳатто оддитарин амалро бо масъулияти беандоза ва бисёр мӯшикофона ва нозукона иҷро мекунанд. Кори ҳар шогирд ва ё дастпарвари худро ҳамеша ба назорат мегиранд ва ба ӯ маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Яъне ҳалолкорӣ шеваи кору пайкори ҳамешагии эшон аст. Дар ин бора бояд гуфт, ки Носирӣ Қаҳҳор яке аз сутунҳои асосӣ ва бисёр муҳими Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб мераванд.

Агар мо фаъолияти пизишкии ҷарроҳ — Носирӣ Қаҳҳорро низ варақ занем, пур аз пандҳои нотакрори кору зиндагӣ ва хайрхоҳонаву шарафмандонаи инсониро дармеёбем. Баъзе беморҳо ба суроғи Носирӣ Қаҳҳор ҳатто то ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино меоянд. Аз ин рӯ, ман борҳо шоҳиди муносибати бисёр баланду хайрхоҳонаи эшон бо беморон будам. Мегӯянд, ҳар касе донишу фарҳанги воло дорад, ӯ бо ҳама яксону меҳрубон аст. Носирӣ Қаҳҳор ҳеч гоҳ бемавқеъ гап намезананд ва ба ҳама кор нигоҳи хоса ва тозаи худро доранд. Аслан коре, ки бо маслиҳати эшон ба сомон мерасад, дар он ҳеч камиву камбудие ба чашм намехӯрад. Аз ин рӯ, бисёриҳо танҳо ба эшон такя мекунанд ва корҳои худро ҳатман аз назари таҳрирашон мегузаронанд. Яъне Носирӣ Қаҳҳор пухтакору пуртаҷриба ва шахси боэътимоди донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.  

Носирӣ Қаҳҳор хислатҳои наҷиби инсонӣ доранд. Эшон ҳамеша бо садои баланд, боҷуръатона ва бо виқор ҳарф мезананд. Аз мавқеашон ҳамеша дифоъ карда ва дар роҳи худ устуворонаву ростқавлона қадам мениҳанд.

Носирӣ Қаҳҳор муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 14 дастури методӣ, 1 ихтироот ва 20 пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошанд. Эшон ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории доимиамалкунандаи донишгоҳии ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино саҳми арзанда гузоштаанд.

Агар саҳифаи рӯзгори ин ҷарроҳи хушном, пурдониш, меҳанпараст ва дилсӯзу ғамхори кишварро варақ занем, пандҳои зиёдеро ба худ кашф мекунем. Ҳаёти эшон пурифтихор аст ва аз ин рӯ, месазад, ки он ситоиш шавад.

Дар Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ба ин табиби хушном ва хайрхоҳ ва кулли табибони кишвар рӯзгори пурнишоту комёбиҳои беназир таманно мекунем.

М. ҚОСИМӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *