Дар ноҳияи Дӯстӣ ба пахтачинӣ оғоз карданд

Дар ҷамоати деҳоти «Нури Вахш»-и ноҳияи Дӯстӣ хоҷагидоран ба ҷамъоварии пахта шуруъ карданд. Дар оғози чиниши пахта Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҳам иштирок кард.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу»-и ноҳияи Дӯстӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод.

Имсол саҳмдорони ҷамъияти мавриди назар дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт кардаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ аст. Ба таъкиди кишоварзон, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон аз ин навъи тухмӣ беш аз 33-сентнерӣ ҳосил гирифт.

Тибқи дурнамо кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии беш аз 18 ҳазор тонна ҳосилро доранд, ки ба ҳар як гектар беш аз 33-сентнерӣ рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вақти кишту парвариш ва чиниши пахта дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз 2000 ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Давлаталӣ Саид дар суҳбат бо кишоварзон хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу карда, барои қабули саривақтӣ ва коркарди пахта, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” аз соли 2015 дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолият дорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *