Курси омӯзишӣ барои тренерон дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи курси омӯзишӣ барои тренерон дар доираи лоиҳаи TSSET бо иштироки сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомиддинзода, намояндаи шуъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Пабло Тутило ва директори Шуроҳои амрикоӣ Метю Малҳерин баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадаф аз ташкил намудани курси мазкур такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони англисии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буда, дар тӯли 18 моҳ иқтидори омӯзгорони забони англисиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фаъолиятҳои такмили ихтисос, ки марҳила ба марҳила ва ба таври каскадӣ мегузарад, баланд мебардорад.

— Лоиҳаи TSSET аз тарафи Шуроҳои амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда, то моҳи марти соли 2024 давом мекунад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *