Убайдулло Қурбон

Ҷарроҳие, ки 11 соат тӯл кашид…

Оре, чунин ҷарроҳии душвору мураккабро профессор Убайдулло Қурбон гузаронидааст. Табибе, ки ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар ҳам медонанд ва эътироф мекунанд…

Соли 1995. Вазъи кишвар ноором буд. Силоҳдорон аз нақлиёту техникаҳои пурқиммат то воситаҳои оддитарини тиббиро ба яғмо бурда буданд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос дар роҳи Душанбе — Варзоб корманди Сафорати Олмон дар Тоҷикистон зимни садамаи нақлиётӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад. Дасти чапи ӯ батамом зарар дида буд. Чун аз ин ҳодиса дар Олмон бохабар мешаванд, азм мекунанд, ки бо тайёра беморро баранд, вале ин ғайриимкон буд, зеро интиқоли шаҳрванди олмонӣ 14 соат тӯл мекашид. Ҳол он ки, баъди гузашти 5 соат ҳуҷайраҳои дасти ҷудошуда батамом аз фаъолият бозмемонданд. Бинобар ин, беморро ба Душанбе оварданд. Он вақт ҷарроҳи дараҷаи олӣ Убайдулло Қурбон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгузар ва қафаси сина кор мекард ва масъулияти ҷарроҳии ин бемор ба дӯши ӯ афтод. Ҷарроҳӣ 11 соат идома кард.

Баъди як моҳ беморро ба ватанаш фиристоданд. Даст батамом шифо ёфта буд. Ҷарроҳони олмонӣ натиҷаи кори табиби тоҷикро дида, боварашон намеомад, ки дар як Тоҷикистони ҳоло ба ҷаҳониён номаълум чунин ҷарроҳ бошаду чунин амалиёти нодирро ба анҷом расонида бошад. Аз ин воқеа матбуоти Олмон матолиб нашр карданд. Гап то ба канслери ҳамонвақтаи Олмон Гелмут Кол мерасад ва ӯ Убайдулло Қурбонро даъват менамояд. Ӯ дар сатҳи ҳукуматӣ ба он ҷо сафар кард. Пас аз пазироии гарму хотирмон канслер ба Убайдулло дар доираи 50 ҳазор марка таҷҳизоти тиббӣ ҳадя кард. Панҷ моҳи дигар ӯ дар клиникаю шифохонаҳои он ҷо малакаю таҷриба, маҳорат омӯхт. Соли 1999 бошад, дар клиникаи шахсии доктор Фелипе воқеъ дар шаҳри Залсбурги Австрия ва се сол баъди он дар шаҳри Гисени Олмон дар бахши микрохирургия таҷриба андӯхтааст. Дар форуму анҷуман, конфронсҳои илмӣ дар кишварҳои Русия, Эрон, Австрия, Англия, Фаронса баромадҳои илмӣ кардааст.

Акнун шаъну шуҳрати ӯ боло рафтан гирифт. Ӯ барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯалӣ ибни Сино гашт.

Ба дӯшаш роҳбарии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро гузоштанд. Ёздаҳ соли расо хизмат кард ва муассисаро обод намуд. Узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд. Илова бар ин, соле то 1200 амали ҷарроҳӣ анҷом медоду медиҳад.

Соли 2016 Донишгоҳи тиббии Хатлон таъсис ёфту роҳбарияти давлату ҳукумат бовар карда, ӯро ба ҳайси роҳбар фиристоданд. Порсол аввалин самари ин муассиса — 336 нафар ҷавонон онро хатм карданд. Шумораи олимони он аз 3 ба 21 нафар расид. Ҳоло бунёди биноҳои асосии он идома дорад. Шабакаи клиникии назди донишгоҳ таъсис меёбад. Аз пайвандонаш 20 нафар аз пайи касби ӯ рафтанд. Духтарашон номзади илмҳои тиб, кардиолог, писарашон ҷарроҳ, дар яке аз донишгоҳҳои тиббии Олмон дар аспирантура таҳсил дорад…

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *