Сарвиноз Юсуфӣ

Сарвиноз Юсуфӣ: Агар шавҳари баномус медоштам…

Сарвиноз Юсуфӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик давоми ду соли охир бо сабаби марги модар ва бародараш аз саҳна дур шуда, кунҷи танҳоиро ихтиёр карда буд. Давоми ин муддат бо рӯзноманигорон ва блогерон дар мавриди ғаму ранҷи аз даст додани пайвандонаш суҳбат карда бошад ҳам, вале ин дафъа мавзуи суҳбаташ атрофи ӯро тарк кардани шавҳар ва ҷанҷоли мероси хонаи волидон аст, ки дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев ба миён омад.

— Баъд аз пахш гаштани барномаҳои қаблӣ бо шумо, як нафар бо рақамҳои ноаён занг зада, гуфт, ки шумо ба Сарвиноз барои иштирок дар барнома чӣ қадар маблағ додед? Гуфтам на, Сарвиноз аз ман маблағ нагирифтааст. Ин овозаҳо аз куҷо пайдо шуд?

— Ростӣ, давоми ду соле, ки аз саҳна дур будам, зулму ситам ва туҳматҳоеро, ки хешовандонам ба сарам оварданд, танҳо худам медонаму Худои тори сар.

— Баъд аз реҳлати модар чӣ гап шуд?

— Вақте модарам бемор буд, бародаронам барои нигоҳубини он кас шароит муҳайё карда наметавонистанд. Ман кор мекардаму ба дасти модарам пул медодам, то ки тамоми камбудиҳоро рафъ ва хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намоянд. Ду сол пеш аз марги модарам, як ҳавлӣ доштаму дар он сохтмони хонаи сеошёна карда, дар поёнаш як мағоза низ бунёд карда будам. Чӣ қадар меҳнат кардам, заҳмат кашидам, бо хуни ҷигар онро обод намудам. Дар баробари ин, рӯзгори тамоми хешу пайвандонам бар зиммаи ман буд. Ҳамаи дӯстони ман инро медонанд. Модарам аксаран бо ман зиндагӣ мекарданд. Аз он ки модарам бемор буд, барои муолиҷааш пул наёфта, хонаамро ба фурӯш гузоштаму онро бо пули ночиз фурӯхтам. Хонаи модарам чандон калон набуд. Мо дар оилаи коргар ба дунё омадем, сарватманд набудем, зиндагии оддӣ доштем. Модарам хонаашро ба ман мерос гузошт. Баъдан ширкати сохтмонӣ ҳавлии модарамро вайрон кард ва шартнома бастем, ки аз бинои баландошёна бар ивазаш хона медиҳанд. Ҳамон вақт ҳама хомӯш буданд, касе ягон аксуламал нишон надод. Аз сабаби он ки тамоми бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашидам, касе ҷуръат ҳам накард чизе гӯяд дар ин маврид. Бовар кунед, бо одамон зиндагӣ мекунӣ, дар рӯяшон тавре ниқоб мекашанд, ки ботинашонро намефаҳмӣ. Беҳуда намегӯянд, ки барои шинохтани одам зарур аст, ки як линча намакро бо ҳам хӯред. Аз байн ду моҳ гузашт, ҷангу ҷанҷол, судкашӣ сар шуд, ки хонаи моро ту гирифтӣ.

— Кӣ даъво кард?

— Зани ҳамон бародарам, ки аз дунё гузашт. Ман гуфтам, касе аз шуморо дар кӯча монданӣ нестам, фақат сабр кунед, ки ман ба худ оям, бемор ҳастам, вале ҳамон вақт болои ман зулм карданд, туҳмат карданд, ки хонаҳоро ту гирифтӣ. Додари ман аз дунё ҷавон рафт, модарам ин қадар азоб кашид, аз дунё рафт, ҳамроҳаш чӣ бурд? Ман ҳам ин хонаҳоро ҳамроҳам намебарам. Гуфтанд, ки дар барнома гиряҳоят барои модарату додарат сохта буд, Орзу Исоев пул доду Сарвиноз Юсуфӣ гиря кард.

— Моҷаро бо зани бародаратон бо чӣ анҷом ёфт?

— То ҳол суду судкашӣ доранд. Ҳар рӯз маро ба суд медиҳанд. Ҳатто аз рӯи ман ба Вазорати фарҳанг навиштанд. Пайвандонам гуфтанд, ки шармандаат мекунем. Вале ман ба хонаашон рафта, гуфтам, ки аз шумо хоҳиш дорам, бадӣ накунед, баргардед ба назди ман. Фақат бароям вақт диҳед, сохтмон тамом шавад, ба ҳамаатон хона медиҳам. Ҳеҷ гоҳ виҷдонам намебардорад, ки кӯдаконро дар кӯча монам. Як чизро фаҳмидам, вақте бо дасти пур аз борхалтаю анвои хӯрока ба хона меравӣ ё пушти мошинро пур карда меравӣ, дигар будааст. Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин, кина надорам, дар ҷавоби ин кори онҳо гуфтам, ки ҳамааш хуб мешавад. Аз ман мепурсанд, ки дарди додар мушкил аст ё дарди модар? Вақте ба сари қабри модарам меравам, гулҳоро тоза мекунаму об медиҳам, гиря карда, дарди дил мекунам, вале вақте ба сари гӯри фарзанди падарам, ки ҳарду бари ҳам хобанд, дуокунӣ мегузарам, тамоми вуҷудамро сӯзиш мегирад, инсон барои фарзанди падар чӣ қадар месӯхтааст…

— Аз ҳоли падарандар хабар мегиред?

— Вақте модарам вафот кард, падарандарам баъди 8 моҳ зиндагии навро оғоз кард. Баъди он ки хонаи мо дар нақшаи шаҳрдорӣ омаду аҳли оилаамон пароканда шуд, пайвандонам дар ҳар куҷо иҷоранишин шуданд, вале бо падарандарам пайваста дар тамос ҳастем. Ман ҳамеша фикри ӯро мекунам, то нагӯянд, ки дар 70-солагӣ маро аз дар берун карданд. Падарандарам муддати 30 сол бо ҳамсари аввалааш зиндагии муштарак надоштанд, ҳоло он кас дубора ба оилаи аввалаашон баргаштанд. Баъди аз сар рафтани модарам, ӯ рафт, бародарам рафт, хонаҳоро аз байн бурданд, чӣ қадар шабҳо бехоб будам.

— Дубора ба дунёи ҳунар баргаштед?

— Агар як шавҳари баномус дар барам мебуд, шояд дубора ба саҳна барнамегаштам. Ҳангоме, ки модарам бемор буд, шавҳарам бо як баҳонаи кӯчак моро тарк карду рафт. Танҳо бо як занги телефонӣ, ҳамон лаҳзае, ки сари болини модар будам, мо ҷанҷол ҳам накардем ва моҷароямон чандон сабаби ҷиддӣ ҳам надошт. Ба хотири маблағи ночизе миёнамон каме нофаҳмӣ сар зада буд. Шавҳарам рафт, ҳатто дар ҷанозаи модару бародарам наомад.

— Сарвиноз, баъди ин қадар сукут карданатон чӣ нақшаҳо доред?

Зиндагӣ ҳамин будааст, ки бояд ҳамеша болои кор бошам. Нақша дорам, ки тамоми аҳли оилаамонро аз нав сарҷамъ кунам. Мехоҳам дасти наздиконамро бигирам, кумакашон кунам, вале ҳоло шароит надорам. Бояд худро ба даст гирам, номус кунам ва ҳамон шохаҳоро аз нав ҷамъ кунам, ҳамаи пайвандонамро сарҷамъу ҷо ба ҷо кунам. Ҳеҷ гоҳ номусам намебардорад, ки дар хонаи гарм хоб кунаму кӯдакони ятими бародарам дар кӯча монанд.

Омодасоз: М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *