Сироҷиддин Муҳриддин

Сироҷиддин Муҳриддин ба Синаноғлу бурдбориҳо таманно кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои ВКХ, аснои дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуҳои марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намудаанд.

— Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори сипос аз фаъолияти пурсамари С. Синаноғлу дар Тоҷикистон, ки ба анҷом расид, ба мавсуф муваффақият ва бурдбориҳоро таманно намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *