Ҷарроҳии пластикии қочоқчии тайландӣ. Мехост ба «кореягии зебо» монанд шавад

Як қочоқчӣ аз Тайланд барои фирор аз қонун ҷарроҳии зиёди пластикиро паси сар кард, то ба «марди зебои кореягӣ» монанд шавад.

Сахарат Саванҷаенг, ки бо лақаби Сонг Ҷимин машҳур аст, ҳафтаи гузашта дар як манзил дар Бангкок боздошт шудааст.

Полис, ки се моҳ боз ин ҷавони 25-соларо таъқиб мекард, мегӯяд: «Ҳеҷ як ҷузъи аслии чеҳраи ӯ бетағйир намондааст».

Агентҳо муваффақ шудаанд, ки ӯро бо пайгирии дигар харидорон ва фурӯшандагон дар Бангкок дастгир кунанд.

Шоҳидон ӯро ба полис «марди зебои кореягӣ» тавсиф кардаанд. Вай инчунин номи худро ба номи кореягӣ иваз кардааст.

Сахарат дар наворе, ки полис пас аз боздошташ мунташир кард, мегӯяд қасди сафар ба Корияи Ҷанубиро доштааст: “Ман мехостам зиндагии нав оғоз кунам. «Ман аз тайландӣ буданам хаста шудаам».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *