Напардохтани роҳкиро ва ҳам латукӯби ронанда

Се сокини пойтахт ба хотири напардохтани роҳкиро дастгир шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Аз онҳо Сафаров Меҳроҷиддин ва Маҳмадраҳимов Парвизи 28-сола ва

Муқимов Шаҳбози 29-сола ном бурда мешавад, ки ҳар се сокинони пойтахт будаанд.

Дар хабарномаи ин ниҳод омадааст, ки “чуноне аз навори ирсолнамудаи муроҷитакунанда ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, номбурдагон санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 дақиқа аз кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе ба автомашинаи мусофиркаш нишаста, дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соати 21:50 дақиқа сайругашт намудаанд. Ҳангоми ба назди беморхонаи “Истиқлол” расидан маблағи роҳкиро 100 сомониро ташкил додааст, ки номбурдагон аз пардохт кардани маблағ саркашӣ намуда, ҳамзамон ронандаро латукӯб кардаанд”.

Нисбати онҳо бо моддаи 237-и (авбошӣ) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *