Ҷасади афсари ОМОН дар Панҷ пайдо шудааст (аудио)

Ҷасади Сангалӣ Камолов, ронандаи неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ дар канори рӯдхонаи Панҷ ёфт ва дафн карда шудааст. Сангалӣ Камолов ҳанӯз як моҳ пеш ҳангоми ҳаракат ба самти Хоруғ нопадид шуда буд.

Шӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ  22-уми июн дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфтааст,  ки ҷасади бародараш рӯзи 12-уми июн, дар канори рӯдхонаи Панҷ, дар сарҳади Афғонистон ёфт шуд.

Ба қавли хешовандонаш, Сангалӣ рӯзи 20-уми майи имсол гурӯҳи сарбозони ОМОН ва ё неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилиро дар мошини низомиаш ба ноҳияи Рӯшон мебурд, «аммо дар роҳ бедарак шуд».

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май дар рӯдхона ғарқ шудааст. Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст. Маълум нест, дар дохили мошин чанд афсар будааст ва сарнавишти дигарон чӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар ноҳияи Рӯшон  17-уми май баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти «зиддитеррористӣ» мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, барои ноором кардани кишвар аз хориҷ дастур мегирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *