Довталабони дорои имтиёз муайян шуданд (аудио)

Довталабони дорои имтиёз барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон дар соли 2022 муайян шуданд.

Бино ба иттилои Маркази миллии тести назди Президенти Тоҷикистон, ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд. Инчунин,  ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат мекунанд, равияи озмун ё фестивал ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.

Ҳамчунин, дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ё «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат мекунанд, ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.

Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, тавсия медиҳем, ки бо феҳристҳои дахлдор, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, шинос шаванд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон довталабон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июл дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *