Ҷасади хонандаи мактабро аз дарёи Зарафшон пайдо карданд (аудио)
Пас аз гузашти 8 рӯз ҷасади хонандаи мактаб Аҳрор Аминовро аз дарёи Зарафшон пайдо кардаанд. Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯӣ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҷасади Аҳрор Аминов бегоҳи 29 –уми май аз дарё пайдо шуд.
Аҳрор Аминов ва ҳамроҳи дигари ӯ Қаландар Одинаев бар асари сарозер шудани мошин ба дарёи “Фон” ба ҳалокат расида буданд. Тавре қаблан Pressa.tj дар такя ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ҳодиса 21-уми май, соати 7:30-и субҳ рух додааст.
Ошпази 33-солаи ошхонаи “Сихкабоби Хуҷандӣ” ба ШВКД-и ноҳияи Айнӣ муроҷиат мекунад, ки мошини ӯ — тамғаи “Опел астра” бе иҷозаташ бурда шудааст.
Баъдан, маълум мешавад, ки мошинро пешхизмати ҳамин ошхона Қурбоналӣ Офоқов бурдааст. Ӯ ду нафар ноболиғро низ бо худ мегирад. Қурбоналӣ эҳтимол аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, худро аз дари мошин мепартояд. Дар натиҷа мошин бо ду ноболиғ аз баландии 40 метр дар километри 118-уми деҳаи Пете ба Фондарё серозер мешавад. Ноболиғон Аминов Аҳрор ва Одинаев Қандар, хонандагони синфи 11 аз деҳаи Хушекат, ки дар дохили мошин будаанд, ба ҳалокат мерасанд. Ронанда Қурбоналӣ Офоқов бошад, баъди худро аз мошин партофтан зинда мемонад.
Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, ҳоло нисбат ба ин ронанда бинобар ғайриқонунӣ рондани мошин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ