Сайид Иброҳим Раисӣ Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифт

Имрӯз, 30 май маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

“Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ гузашт карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *