қимор

Ҷавобгарии қаблӣ панд нашуд! Боздошту ҳабси 3 қиморбоз (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як амалиёти махсуси милитсия ва боздошту ҳабси 3 нафар қиморбоз хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин амалиёти санҷишӣ 3 нафар қиморбоз — шаҳрвандон Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи тавалудаш 08.09.1995, Ризоев Комил Нуралиевич, санаи таваллудаш 15.10.1984 ва Шарофиддини Иноятшоҳ, санаи таваллудаш 26.11.2000 дастгир карда шудаанд.

Тавре зикр мегардад, гарчанде номбурдагон қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, ҷиҳати минбаъд такрор накардан расман огоҳ карда шуда бошанд ҳам, вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд.

Вобаста ба ин, нисбати номбурдагон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 ва 15-шабонарӯзӣ таъин карда шудааст.

— Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст,- меафзояд манбаъ.

Бо назардошти ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинону меҳмони пойтахт дархост намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *