Ҷавони тоҷик дар Амрико рисолаи докторӣ дифоъ кард

Фирдавс Раҳмонов, олими ҷавони 31-солаи тоҷик рӯзи 18-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи Рочестери иёлоти Ню-Йорки Амрико рисолаи докториашро дар илми математика (риёзӣ) дифоъ кардааст.

Раҳмонов Фирдавс Заруллоевич санаи 19-уми августи соли 1992 дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд дар оилаи математик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2009 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика сазовори ҷойи якум ва медали тилло гаштааст. Баъди хатми мактаби миёна ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини дунё — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ба факултети механикаю математика дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2018 Раҳмонов Фирдавс Заруллоевич дар Донишгоҳи Рочестери штати Ню-Йорк таҳти робарии профессорон Алекс Иосевич ва Кааве Хоссейни ба таҳқиқи рисолаи докторӣ шуруъ намуд.

Раҳмонов Фирдавс вақти дар докторантура таҳсил намудан борҳо дар конференсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар давлатҳои ИМА, Британияи Кабир, Австрия, Хитой, Канада, Венгрия, Кореяи Ҷанубӣ ва Юнон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намудааст.

Роҳбарони илмияш:

— Алекс Иосевич, профессори факултети математикаи Донишгоҳи Рочестер, узви Ҷамъияти илмии математикони Амрико, яке аз беҳтарин математикон дар соҳаи қаторҳои гармоникӣ ва камбинаторикаи геометрӣ мебошад.

— Кааве Хоссейни, профессори факултети илмҳои компютерии Донишгоҳи Рочестер, яке аз беҳтарин мутахассисон дар соҳаи масъалаҳои аддитивии комбинаторикӣ мебошад.

18-уми апрели соли 2024 Раҳмонов Фирдавс рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Similar point configurations in vector spaces over finite fields and quotients of distance sets” (“Пайкарбандиҳои нуқтаҳои мушобеҳ дар фазоҳои векторӣ бар майдонҳои маҳдуд ва коэффитсиентҳои маҷмӯи масофаҳо”) бо муваффақият дифоъ намуд.

Бояд қайд намуд, ки Раҳмонов Фирдавс фарзанди математики машҳури тоҷик, доктори илми физикаву математика, академики АМИТ Раҳмонов Зарулло Ҳусенович мебошад.  

Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *