Ҷавони тоҷик дар филмҳои туркӣ. Шердил чӣ тавр ба “Империяи Усмонӣ” роҳ ёфт?

Солҳои охир силсилафилмҳои туркӣ дар Тоҷикистон бинандагони сершумор доранд. Бо вуҷуди он, ки бархе аз коршиносонро маҳбубияти филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон нигарон кардааст, вале воқеият чунин аст. Илова бар ин, солҳои охир бозигарони тоҷик дар филмҳои туркӣ низ зиёд мешаванд. Яке аз онҳо Шердил Каримов аст, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.

— Шердил, ба хонандагони мо дар бораи худ чанд ҳарф бигӯед.

— Баъди хатми мактаби миёна бо маслиҳати падар ва тавсияи устодон ҳуҷҷатҳоямро ба яке аз донишгоҳҳои кишвар супоридам. Вақте дар Душанбе таҳсил мекардам, як муддат дар самти журналистика фаъолият кардам. Дар Ватан корҳоям нағз пеш мерафт. Вале бо мақсади идомаи таҳсил, яъне ба дунболи орзуҳоям ба Туркия омадам. 

— Ба синамои турк чӣ тавр роҳ ёфтед?

— Бисёр тасодуфӣ, гарчанде ман аз хурдӣ ба синамо завқ доштам. Дар аввал ба Туркия барои таҳсил омадам. Мехостам таҳсилро дар зинаи магистратура идома диҳам, вале натавонистам аз донишгоҳҳои ин кишвар бурсия бигарам. Рӯзе дар Facebook ба як эълон вохӯрдам, ки нафарони хоҳишмандро барои нақшофарӣ ба филмҳо даъват мекард. Бахти худро санҷидам ва муваффақ шудам, вале нарафтам. Зеро бо чанд мушкили оилавӣ аз Туркия ба Русия рафтам. Вале ду моҳ қабл дубора ба инҷо бозгаштам ва фаъолияти худро пурра дар самти синамо шуруъ кардам. Дар Туркия оҷонсиҳое ҳастанд, ки бо ҳунармандон шартнома мебанданд. Филмофарон бошанд, барои дарёфти ҳунармандони мувофиқ ба ин оҷонсиҳо муроҷиат мекунанд. Ҳоло ман бо се оҷонсӣ ҳамкорӣ дорам. Дар силсилафилмҳои “Империяи Усмонӣ”,”Салоҳиддин Аюбӣ”, “Бародарон” ва “Сафари ишқ” нақш бозӣ мекунам.  

— Оё дар Тоҷикистон ҳам кӯшиши нақшофарӣ дар филмҳоро карда будед?

— Дар Тоҷикистон бештар ба театр мерафтам ва як муддат ҳамчун  ташкилотчӣ бо Театри Лоҳутӣ низ ҳамкорӣ доштам. Соли 2017 дар як филми тарбиявии тоҷикӣ, ки “Ҳамсинфон” ном дошт, нақш бозидам. Ин филмро бунёдгузори Театри “Афсона” устод Асомиддини Бекназар ба навор гирифтанд. Як маротиба дар кинотеатри “Ватан” ба намоиш гузошта шуд. Вале дигар барои пахши он маблағ пайдо нашуд. Ҳамин гуна ба олами синамои тоҷик ворид нагардида, берун шудам.

— Агар аз ҷониби синамогарони тоҷик пешниҳоде шавад, қабул мекунед?

— Дар ин маврид то ба ҳол фикр накардаам. Вале ният дорам, ки дар Туркия таҷриба бигирам. Агар имкон даст диҳад, ба Ватан баргашта, барои рушди синамои тоҷик саҳм гузорам.

— Дар Туркия муносибат бо аҳли ҳунар чӣ гуна аст?

— Дар инҷо зиндагии ҳунармандон хуб аст. Даромади ҳунарманд вобаста ба кораш аст. Тавре мегӯянд, то даст наҷунбад, даҳон ҳам намеҷунбад.  

— Ахиран, муносибати кишвари Туркия бо шаҳрвандони тоҷик тағйир ёфт. Ҳатто низоми раводид ҷорӣ шуд. Ин ба шумо чӣ таъсире мегузорад?

— Ман ду моҳи дигар барои иқомат дар ин ҷо фурсат дорам. Роҳҳое ҳастанд, ки аз ҳамин ҷо метавон визаи кориро ба даст овард. Ман ҳам барои дарёфти виза кӯшиш мекунам. Ҷорӣ шудани раводид ҳам хубӣ дорад ва ҳам бадӣ. Агар бо нархи 90 доллар визаи кории яксола диҳанду бемалол дар инҷо зиндаги кунӣ, ягон мушкилӣ нест. 

— Дар Туркия муносибат бо тоҷикон чӣ гуна аст?

— Ман аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки дар филмҳои туркӣ нақш офарам. Дар баробари омӯхтани забони англисӣ, дар замони донишҷӯӣ ба курсҳои омӯзишӣ рафта, забони туркӣ омӯхтам. Замони ба ин ҷо омаданам алакай озод суҳбат карда метавонистам. Бинобар ин, дар ин ҷо душворӣ накашидам. Аввалҳо дар ин ҷо аз ман мепурсиданд, ки аз куҷоӣ? Мегуфтам аз Тоҷикистон, аксари туркон намедонистанд Тоҷикистонро. Вале баъди ҳаводиси нохуши Русия ҳама тоҷиконро мешинохтагӣ шуданд. Вале, ба ҳар ҳол, Туркия барои ман бегона нест ва худро дар ин мулк мусофир эҳсос намекунам.

— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Албатта, нияти баргаштан ба Ватанро дорам, вале ҳоло барои худ ва ояндаам бояд корҳои зиёдеро ба сомон расонам.

Мусоҳиб: Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *