Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои озарии худ атрофи боздошту истирдоди ҷинояткорон мулоқот кард

Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои озарии худ масъалаи дастгиру ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кард.

23 май дар ҳошияи сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Озарбойҷон генерал-полковник Эйвазов Вилаят Сулейман Оғлу баргузор гардид.

Бино ба итттилои дафтари матбуоти ВКД, дар рафти мулоқот масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид.

“Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Рамазон Раҳимзода изҳор доштааст, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри густариш ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *