Ҷавонони КМВА барандаи «Ҷоми ҷавонӣ» шуданд

Дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии артиш (КМВА)-и Душанбе ғолиби Мусобиқаи «Ҷоми ҷавонӣ» байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд.

Дар мусобиқаи «Ҷоми «ҷавонӣ», ки дар ду марҳила — муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, даҳ дастаи чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон иштирок карданд.

Дар вохўрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирўз шуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Қурбоналӣ Муродов аз КМВА-и Душанбе беҳтарин бозингари бозии ниҳоии «Ҷоми ҷавонӣ» эътироф шуд.

Ба ғайр аз ҷом, ба ғолиби мусобиқа 30 ҳазор сомонӣ дода шуд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Эсхата» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *