Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе”моҳи октябр баргузор мегардад

Дар назар аст, ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Ин нукта имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар садо дод.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар театрҳои касбии кишвар 24 асари нав саҳнавӣ гардидааст. Аз ин шумора дар пойтахт 8 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 16 намоиш рӯйи саҳна омадаанд.

Инчунин, зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии “Парасту-2023” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир гардида, дар он 18 театри касбӣ ширкат варзида, намоишҳои тайи 2 соли охир таҳиякардаи худро пешниҳод намудаанд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар 25-умин Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ “Встречи в России” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Фестивали якуми байналмилалии санъати театрии Евразия дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *