Ҷавонони Тоҷикистон ҷойи сеюмро гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Чемпионати 3-юми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола ба анҷом расид, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии якум бо Афғонистон бо натиҷаи 4:1 пирўз шуд, сипас бо ҳисоби 3:1 Қирғизистонро шикаст дод. Дар бозии сеюм аз дастаи Ўзбекистон бо натиҷаи 0:3 ва дар бозии охир аз дастаи Эрон бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд. Ҳамин тавр дастаи ҷавонони Тоҷикистон 6 имтиёз ба даст овард, ки баробар бо дастаи Ўзбекистон аст, аммо чун дар бозӣ бо ин даста шикаст хўрда буд, ҷойи дуюмро ба Ўзбекистон дод.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо 8 имтиёз ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид. Чуноне гуфтем, дастаи Ўзбекистон бо 6 имтиёз дуюм шуд, дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ гирифт.
Ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи мунтахаби Афғонистон тақдим шуд. Шаҳриёр Ҷабборов аз тими Ўзбекистон бо 3 гол беҳтарин нишонзан ва капитани тими Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ