Тиҷорат муҳим ё идеология?

Яке маконеро вайрону обод мекунад, дигаре валангору хароб месозад, аммо дар фикри дубора обод кардан нест. Собиқ кинотеатри “Тоҷикистон” аз ҳамин қабил аст.

Аксари насли калонсол, ки дар Душанбе ба камол расидаанд, ин кинотеатрро ба хотир доранд. Макони фарҳангӣ — фароғатӣ буд. Махсусан, рӯзҳои истироҳат чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешуд, мардум инҷо ғубори дил мебароварданд. Ҳатто, баъзан рӯзҳо ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Имрӯз куҷост он кинотеатр? Бинояш тахриб шудаву дар ҷояш ба ном бино сохта истодаанд.

Аммо ҳоло дар ин ҷо як чордевори бетонӣ чандин сол ҳайрон соҳибашро интизор аст.

Кас намедонад, ки дар ҷои кинотеатр чӣ месозанд? Ё кадом пулдоре танҳо дар фикри банд кардани он бошад?

Аҷиб, тиҷорат муҳим ё идеология?

АЗИЗ, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *