Ҷилди III-и «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» муаррифӣ гардид

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ амалӣ доир гардида, дар доираи он ҷилди III-и  китоби«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» муаррифӣ шуд.

Дар ҳамоиши мазкур намоядагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ, инчунин, муаллифони китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Абдухалил  Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз ин ҳамоишро анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гашт, ки лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ҷилдҳои  I ва II китоби мазкур 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида буд.

Зимни муаррифии ҷилди III китоби мазкур зикр шуд, ки он дар ҳаҷми 500 саҳифа бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. Китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.

Баъди муаррифии китоби«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар доираи ҳамоиши мазкур ба самъи ҳозирин ҳисоботи солонаи Академия аз ҷониби Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Сипас, озмунҳои академиявӣ — “Олими сол”, “Корманди сол”, “Раёсати бењтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Мутахассиси сол”, “Донишҷӯи сол” ҷамъбаст гаридида, ғолибон бо ифтихорнома ва туњфањои пулї сарфароз гардиданд.

Раҳматулло Каримов, сармуҳаррири рӯзномаи “Сарвар ва миллат”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *