Корхонаи бекорхобида ба кор даромад. Орд арзон мешавад?

“Комбинати орди Душанбе” баъди 30 соли таваққуф  бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.

“Комбинати орди Душанбе” зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда буд, бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид”, -иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президенти кишвар.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хати истеҳсолии васлу насбгардида айни замон назираш дар Осиёи Марказӣ нест ва аз рӯи технология ва хусусиятҳои техникӣ муосиртарин маҳсуб меёбад. Дар ин комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум мавриди коркард қарор дода шуда, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти комбинат мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ гардида, пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Ба таъкиди масъулони комбинати мазкур, бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, дар оянда маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *