Ҷиноят дар тарабхонаи “Мерганов”-и Мастчоҳ
Марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.
Номбурда 12-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар тарабхонаи «Мерганов», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, аз 14-уми сентябри соли 2023 ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ