Рақобати Роналду ва Месси ба охир расид

Футболбози португалӣ Криштиану Роналду дар як мусоҳибааш доир ба рақобаташ дар футбол бо Лео Месси фикрашро баён кард.

— Мо 15 сол дар майдон дар “ТОП” будем, ҳунарнамоии беҳтарин доштем, ҳаводорони худро доштем. Мо таърихи футболро аз сари нав сохтем. Албатта, имрӯз мо ҳар ду дар Аврупо нестем, балки ман дар Арабистону ӯ дар Амрико аст ва бо ҳамин метавон гуфт, ки рақобати 15-солаи мо ба анҷом расид. Касе, ки маро дӯст медорад, шарт нест, ки Мессиро бад бинад,- гуфтааст Роналду.

Футболбоз дар идома иброз доштааст, ки наметавонад худро дӯсти Месси бигӯяд, зеро якҷоя ҳатто як маротиба ҳам хӯрок нахӯрдаанд, балки худро бо футболбози аргентинӣ танҳо ҳамкор медонад. Бояд гуфт, ки рақобати Роналду ва Месси солҳои зиёд аст, ки вуҷуд дорад ва эҳтимолан то хотимаи корномаашон давом кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *