Ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёд шуд

Давоми як соли 2023 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 312 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 97 ҳолат зиёд мебошад.

Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси тозаинтихоби ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Вай таъкид кард, ки дар ин самт ҳоло шӯъбаи ВКД-и ноҳия корро ҷоннок намудааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пурзӯр карда шудааст.

Зеро 26 нафар сокинони ноҳия бинобар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кофтукоб қарор доранд. Иттилоъ дода шуд, ки ин омор аз солҳои 2000-ум ба қайд гирифта шуда, аз соли 2014 инҷониб ин гуна ҳолатҳо дигар дар миқёси ноҳия ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *