Хуҷанд: Дар як сол 62 корхона ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Хуҷанд давоми як соли 2023-юм 62 корхонаи истеҳсолӣ бо беш аз 350 ҷойи кори доимӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Вай таъкид кард, ки корхонаҳои нав бо истифодаи технологияҳои мусоир ва ҷалби 32 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 267 адад расонида шудааст. Бино ба иттилои роҳбарияти шаҳр ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар ин давра ба 1 млрд. 910 миллиону 45,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 209,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда низ зиёд шуда, дар соли 2023 аз ҷониби 108 адад чунин корхонаҳои хурду калон ба маблағи 812,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 64 млн. сомонӣ ё 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра истеҳсоли номгўи маҳсулотҳо низ 24 намуд зиёд шуда, то ба 186 намуд расонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *