Ҷияни президенти Қирғизистон боздошт шуд
Улан Ҷабборови 32-сола, зодаи деҳаи Кен-Сууи вилояти Иссиқкӯл боздошт шудаву дар боздоштгоҳи №1-и Бишкек қарор дорад.
Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки «тибқи маълумоти пешакӣ дар робита ба ин ҳодиса, тибқи моддаи «Коррупсия»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст”.
Гуфта мешавад, ки парвандаи мазкурро Хадамоти тафтишотии ВКД тафтиш мекунад.
Боздоштшуда писари Рақимҷон Ҷабборов, амаки Содир Ҷабборов будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ