Боз як тоҷикро дастгир карданд. Ин бор дар Ҳолланд

Боз як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Ҳолланд бо гумони даст доштан ба терроризм боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ҳолланд хабар доданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин мард 29 сол дошта, бо ҳамсари 31-солаи қирғизаш аз соли 2022 инҷониб дар Ҳоланд зиндагӣ мекардаанд. Ҳамсари ӯ дар шаҳри Бреда ва худи мард дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд боздошт шудаанд. 

Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо ҳамроҳии ҳамсараш дастгир шуда, узви ДИИШ будааст ва барои гузаронидани амалиёти террористие омодагӣ мегирифтааст.

Ҷинояткор бо боздоштшудагоне, ки имрӯз дар Олмон дастгир шуда буданд, ҳамдаст будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *