Ҷомеаи туркҳо дар Самарқанд. Президенти Қирғизистон чӣ гуфт?

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти Сарони Кишварҳои Туркзабон, ки то рӯзи 11-ми ноябр дар Самарқанд идома ёфт, ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон низ дахл кардааст.

Содир Ҷабборов гуфтааст, ки “баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд”.  Ӯ бо ишора ба масоили марзии кишвараш бо баъзе аз ҳамсояҳо хоҳони ҳамкории наздик гардидааст: «Бори дигар таъкид мекунам, ки ҷониби Қирғизистон мавқеи худро вобаста ба баҳси марзӣ бо роҳи муколамаи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ нигоҳ медорад».

Гуфта мешавад, ки дар нишасти сарони Созмони Кишварҳои Туркзабон бештар дар бораи ҳамгироӣ ва таҳкими созмон сухан гуфтаанд. Баъзе аз иштирокдорон аз печида шудани вазъ дар минтақа ёд карда ва хоҳони амнияти кишварҳои узв шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки қариб ду моҳ пеш дар давраи нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар он ҳузур доштанд, байни ду кишвар муноқишаи шадиди мусаллаҳона сар зад ва аз ду ҷониб садҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт.

Солҳо боз баҳси Тоҷикистону Қирғизистон барои таъин ва нишонагузории марз идома дорад. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Ҳарду ҷониб бар асоси харитаҳои гуногун ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва ҳамвора якдигарро ба шурӯи ҷанҷолу ҳамлаҳои мусаллаҳона гунаҳкор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *