Шоҳмотбози тоҷик дар Дубай маркази шоҳмот кушод

Бунёдгузори Академияи шоҳмоти Сино (Sino Chess Academy) — Сино Ҳотамӣ, ки қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва довари Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) мебошад, бо Клуби шоҳмотбозӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб созишнома имзо намуда, филиали дуюми академияи хешро дар Дубай ифтитоҳ намуд.

Тобистони имсол бошад, Академияи шоҳмоти Сино ва Маркази забономӯзии Инфинити (SINO CHESS ACADEMY & INFINITY LANGUAGE LEARNING CENTRE) бо Федератсияи Шоҳмоти Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ба қавли Сино Ҳотамӣ намояндаи федератсияи мазкур Наврӯз Муқимов дар самти рушди шоҳмот дар кишвар саҳми бориз дорад.

Худи Сино Ҳотамӣ бо чандин забонҳои хориҷӣ дар шаҳри Дубай дарси шоҳмот гузаронида, бовар дорад, ки донистани забонҳо калиди муваффақият мебошад.

Дар шаҳри Душанбе бошад, мутахассисони шоҳмот ба қаҳрамонони ояндаи тоҷик дарси шоҳмот ва забонҳо медиҳанд. Хонандагони маркази шоҳмот ҳанӯз аз синни 3-солагӣ ба омӯзиши касбии шоҳмот пардохтаанд ва бо вуҷуди он, ки кӯдакони ин синну сол аллакай хондану навиштан метавонанд, ин раванд кори мураббиёнро боз ҳам осонтар мекунад.

Дарсҳои шоҳмот дар Маркази шоҳмоти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе айни ҳол тариқи онлайнӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дарсҳои омӯзиширо қаҳрамони Осиё оид ба шоҳмот Мутриба Ҳотамӣ ва Сино Ҳотамӣ дар Маркази шоҳмот доир мекунанд.

Сино Ҳотамӣ бар он аст, ки хонандагони беҳтарини Sino Chess Academy ва Infinity LLC имконияти иштирок дар сабқатҳои байналмилалӣ дар шаҳри Дубай пайдо хоҳанд кард ва чеҳраҳои беҳтарин албатта мавриди сарпарастӣ қарор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *