Ҷоми Осиё-2023: Ҷопон ба финал баромад

Дар бозии даври аввали марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахабҳои то 17-солаи Эрон ва Ҷопон ба ҳам омаданд.

Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи «Таммасат»-и шаҳри Патҳумтҳании Тайланд баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба нафъи мунтахаби Ҷопон анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати Ҷопон дар ин вохӯрӣ Рюуносуке Йада дар дақиқаи 10-ум, Коҳей Мочизуки дар дақиқаи 25-ум ва Сато Рюуносуке дар дақиқаи 74-ум ба самар расониданд.

Ҳамакнун, дар даври ниҳоии мусобиқа Ҷопон бо ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 2-юми июл баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки Насрулло Кабирови 38-сола, довари ФИФА аз Тоҷикистон довари марказии бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) миёни дастаҳои наврасони Эрон ва Ҷопон буд. Ба Насрулло Кабиров дар хатҳо ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев аз Тоҷикистон ва Исмоилҷон Талипҷонов аз Қирғизистон кумак карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *