Ҷоми раиси шаҳр насиби Тоҷикистон шуд
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 300 варзишгар иштирок намуданд, ки аз ин 120 нафар аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Муғулистон буданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тоҷикистон байни онҳо рақобат намуда, дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ