Рамазон Рахимзода

ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби бинои нав шуд

Бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ  пурра таъмир гардида, бо шароити нави замонавӣ ба истифода дода шуд.

Генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  дар суҳбат бо афсарону кормандони милитсияи пойтахт бори дигар барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва таъмини тартиботи ҷамаъиятӣ таъкид намуд.  

Шуъбаи мазкур дар баробари самтҳои фаъолияти рӯзмарра, ҳамзамон дар ҶДММ “Бозори Корвон” бо мақсади таъмини тартиботу амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи молу мулки онҳо ба таври шабонарӯзӣ  фаъолият менамояд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *