Ҷон Болтон: Доме, ки Ғарб барои Путин гузошт!
Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико, субҳи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт, ки ИМА ва ИА дар ҷанги Русияву Украина ду ҳадафи аслӣ доранд.
Якум, авҷ гирифтани саноати силоҳ. Ҳукумати Олмон рӯзи якшанбеи 27 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҷанги Украина аз буҷаи соли 2022 барои аслиҳа ва нерӯи низомӣ ва ҳамин тавр, аз нигоҳи буҷаи низомӣ 100 миллиард евро (112,7 миллиард доллар) ҷудо кард ва аз нигоҳи истеҳсоли силоҳ дар ҷаҳон дар ҷои сеюм, баъд аз ИМА ва Хитой қарор гирифт. Ин як рӯйдоди таърихӣ дар ҷаҳон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст, ки бори дигар Олмонро ба унвони яке аз қудратҳои бузурги низомии ҷаҳон табдил медиҳад. Таҷрибаи талхи ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон ин тарзи нави милитаристиро дар Германия даҳшатовар мегардонад.
Дар солҳои охир фурӯши яроқи ИМА ба хориҷа 20—30 фоиз кам шуд. Ҷанги Украина як фурсатест барои боз ҳам ривоҷ ёфтани бозори аслиҳаи ИМА. Ҷон Болтон дар Твиттер навишт, ки Конгресс бояд буҷаи махсуси низомии 100 миллиард долларро барои дифоъ аз Русия ва Чин тасдиқ кунад. Хоҳиши Болтон метавонад ба ин тариқ амалӣ нашавад, аммо маълум аст, ки ҷанг дар Украина чӣ дар маъмурияти кунунӣ ва чӣ дар маъмурияти оянда, буҷаи низомии Амрикоро афзоиш дода, кори пудратчиёни Пентагонро боло мебарад. Ширкатҳои бузурги аслиҳаи Бритониё низ аз ҷумлаи пудратчиёни Пентагон мебошанд.
Дуюм, Иёлоти Муттаҳида бузургтарин содиркунандаи гази моеъ дар ҷаҳон гардид. Воридоти гази ИМА аз соли 2005 ба ин сӯ ҳудуди як триллион евроро ташкил додааст, ки бештари он аз Русия аст. Дар соли 2021, гази табиӣ беш аз 20% истеъмоли солонаи энергияи ИА-ро таъмин мекард, ки тавассути қубурҳо (68%) ва гази моеъ (32%) ворид мешавад. Содиркунандагони асосии газ ба Иттиҳодияи Аврупо тавассути лӯла — Русия (40%), Норвегия (22%), Алҷазоир (18%) ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (9%) буданд. Содиркунандагони асосии гази моеъ ба Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021 ИМА (26%), Қатар (24%) ва Русия (20%) буданд.
«Муҳим аст, ки мо истиқлолияти энергетикии худро тасдиқ кунем ва пешвои ҷаҳон дар содироти гази моеъ гардем Амнияти энергетикӣ амнияти миллӣ ҳам барои мо ва ҳам барои иттифоқчиёни мост»,- менависад Велтон.
Ҳамин тариқ, Болтон ҳадафи дигари асосии ИМА дар ҷанги Русияву Украинаро ошкор мекунад. Иёлоти Муттаҳида содироти гази моеъ ба Аврупоро дар соли 2016 оғоз кард ва ба зудӣ бузургтарин содиркунандаи гази моеъ ба Аврупо шуд, ки ҳиссаи 26% содироти гази моеъ дар соли 2021-ро ташкил медиҳад. Дар моҳи январи соли 2022 беш аз нисфи воридоти гази моеъ ба Аврупо аз Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ