Ҳалима Мавлонова: Ба соҳибкорзанон сабукӣ меорем

ҶДММ “Бозори Корвон” яке аз бозорҳои калонтарин на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар ҳудуди Осиёи Миёна ба шумор меравад. Роҳбарӣ кардани чунин як маркази савдо, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар аз он дидан мекунанд, кори саҳлу осон нест, хусусан вақте роҳбарии онро як бону ба уҳда дорад.

Дар арафаи Рӯзи модар мо бо роҳбари бозори “Корвон” Мавлонова Ҳалима Файзиевна суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

— Ҳалима Файзиевна, нахуст шуморо ба муносибати Рӯзи модар муборакбод мегӯем.

— Ташаккур.

— Гумон мекунем, қисмати зиёди соҳибкорони “Бозори Корвон”-ро бонувон ташкил медиҳанд…

— Бале. Қариб 70 фисади соҳибкорони ҳудуди бозори “Корвон”-ро бонувони соҳибкор ташкил медиҳанд. Тавре мебинед, дар ҳудуди бозор корҳои азнавсозӣ оғоз ёфта, дар баробари беҳтар шудани шароити корӣ баъзе нуқтаҳои савдо ва мағозаҳо аз байн рафта, нуқтаҳои нав ба вуҷуд омада истодаанд. Айни замон қариб 2 ҳазор соҳибкорзан дар ин ҷо фаъолияти соҳибкорӣ доранд.

— Занро равшанӣ ва ободонии хонадон мегӯянд. Метавон бонувони соҳибкорро ободкунандагони бозори “Корвон” номид?

— Дар ҷое, ки зан ҳаст, дар он ҷо ҳамеша тозагиву ободӣ ҳаст. Тавре мегӯянд, нури хонадон зан аст, дар рушду ободонии бозори мо ҳам албатта нақши бонувон эҳсос карда мешавад.

— Нақши бонувонро дар рушди соҳибкорӣ дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Бонувони тоҷик дар давраи шӯравӣ ҳангоми берун аз ҷумҳурӣ сафар кардан дучори мушкиливу душвориҳои зиёде мешуданд. Имрӯз занони мо тамоман озод шудаанд. Акнун соҳибкорзанҳо метавонанд дар вақти дилхоҳашон ба хориҷа сафар карда, молу маҳсулоти даркорияшонро ба кишвар биёранд. Ин ҳам як дастгирии рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Соҳибкорзанҳо имрӯз озодона ба хориҷа рафта, молу маҳсулоти худро меоранд ва дар ҳудуди бозор савдо мекунанд. Барои ин ягон монеае нест.

— ҶДММ “Бозори Корвон” ба бонувони соҳибкор чӣ имтиёзҳо медиҳад?

— Барои он ки дар фаъолияти соҳибкорзанҳо сабукӣ ҷорӣ намоем, дар ҳудуди бозор равзанаи байқадгирии соҳибкоронро ҷорӣ намудем. Махсусан, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани филиали “Амонатбонк” кори соҳибкорон сабуктар гашт. Минбаъд соҳибкорон рафта, дар идораҳои нозироти андоз дар навбат наистода, дар ҳамин ҷо маблағи андоз ва патенташонро месупоранд ё ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамзамон, дар ҳудуди бозор филиалҳои бонкҳои кишвар фаъолият мекунанд, ки соҳибкорони мо дар зарурат аз онҳо қарз гирифта метавонанд.

— Дар бозори “Корвон” ҳастанд бонувоне, ки ба ғайр аз фаъолияти соҳибкорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ нақш дошта бошанд?

— Дар ин ҷо “Шӯрои занон” таъсис дода шудааст, ки аъзояш аз соҳибкорзанҳо иборат мебошанд. Ин соҳибкорзанҳои фаъол ҳамарӯза дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида, он навигариву тағйиротҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба занҳо ва танзими расму оину анъана ҷорӣ карда мешавад, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни бонувон дар амал татбиқ менамоянд.

— Имрӯзҳо “Корвон” ба як гӯшаи зебои шаҳри Душанбе табдил ёфтааст. Он рӯз ба рӯз ободу зебо мешавад. Намуди он фурӯшгоҳҳои бузурги Аврупою Осиёро ба хотир меорад. Ин ҳама ба фаъолияти соҳибкории бонувон чӣ таъсире дорад?

— Барои соҳибкорзанҳо шароити мусоиди корӣ пешниҳод карда шуд. “Корвон”-и пешинаро ба ёд биёреду ба “Корвон”-и имрӯза назар кунед. Шароитҳои мусоид вобаста ба фаслҳои сол ва барои мизоҷоне, ки ҳамарӯза вориди он мегарданд, муҳайё карда мешаванд. Барои соҳибкор шароити мусоиди корӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро аксарияти савдогарон занҳову духтарон ҳастанд, ки дар оянда модар мешаванд. Барои он ки бонувони соҳибкор дар рӯйи фарши хунук истода бемор нашаванд, ба хотири беҳдошти саломатии занҳо, мо шароитҳои хуби кориро муҳайё карда истодаем. Дар ҳар як блок кондитсионерҳо васл карда шудаанд. Чораҳои дигари пешгирӣ аз сӯхтор пешбинӣ карда шудаанд. Дар ояндаи наздик кори бозор боз бештар беҳбудӣ хоҳад ёфт.

— Сохтмони “Корвон” кай ба анҷом мерасад?

— Мо тасмим гирифтем, ки дар муддати се сол сохтмони онро пурра ба анҷом расонем.

— Шумо ҳамчун як бонуи роҳбар ва мутасаддии як коргоҳи бузург ҳамеша дар такопӯ ҳастед. Кор бароятон вазнин нест?

— Рӯзҳои аввали таъсисёбии бозор дар ҳақиқат кор душвор буд. Ҳозир тавре мебинед, шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, сафи кормандони масъули бозор низ зиёд шуда, корамон нисбатан сабук шудааст.

— Шумо ҳамчун зан худро хушбахт мешуморед?

— Хушбахтии зан хонаи обод, фарзандону наберагон аст ва ман шукронаи наздиконамро мекунам.

— Қабл аз он ки ба ҳайси роҳбари бозори “Корвон” фаъолиятро оғоз намоед, дар кадом соҳаҳо фаъолият кардаед? Барои расидан ба қуллаи муваффақият кадом зинаҳоро тай намудед?

— Баъди хатми донишгоҳ дар шуъбаи омори шаҳри Душанбе, муддати 30 сол дар мақомоти андоз ва ба ҳайси муовини раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ фаъолият намудаам. 20 соли охир роҳбарии бозори “Корвон”-ро ба уҳда дорам. Фаъолияти меҳнатии худро аз як иқтисодчӣ дар шуъбаи омор сар карда, то ба дараҷаи роҳбари як бозори калонтарин дар Осиёи Миёна расидан, фикр мекунам, ин барои ҳар зан мояи ифтихор аст.

— Шумо ҳоло роҳбари бозор ҳастед. Пештар худатон соҳибкорӣ мекардед?

— Ягон маротиба бо кори савдо машғул нашудаам. Азбаски дар бозор фаъолият мекунам, шояд бо кори савдо ошноӣ дорам.

— Соҳибкороне, ки солиёни зиёд дар бозори “Корвон” фаъолият мекунанд, аз дастгирӣ бархурдоранд?

— Аз рӯзи таъсиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди бозори “Корвон” мо савдогарони дигар бозорҳоро барои кор ҷалб карда будем. Имрӯз савдогарон бо муҳайё шудани шароитҳои хуби корӣ аллакай мизоҷони доимии худро пайдо карда, фаъолияти босамар доранд. Бо дастгирии роҳбарияти бозори “Корвон” соҳибкороне, ки солҳои зиёд дар бозор фаъолият мекунанд, аз нуқтаи савдои худ маҳрум нагаштаанд. Мо дар асоси шартномаи иҷоравӣ сараввал соҳибкорони доимии худро бо кор таъмин намуда, дар сурати пайдо шудани нуқтаҳои нави савдо дигар соҳибкоронро низ ҷалб карда истодаем.

— Баъди чанд рӯз 8-уми март, Рӯзи модар фаро мерасад. Таманниёти шумо ба бонувони ҷумҳурӣ чист?

— Аввалан парчами сулҳу ваҳдат, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, болои сарашон парафшон бошад. Ҳамчунин барояшон тани сиҳат, хонаи обод, фарзандони солим  ва равнақ дар ҳар коре, ки онҳо машғуланд, таманно дорам.

Суҳбатнигор:

Нодира РАҶАБОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *