Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд
Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 интихоб шуд. Ӯ ҳамзамон аз соли 2021 инҷониб намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аст.
Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ як ниҳоди муҳим аст, ки вазифаи назорат ва арзёбӣ кардани фаъолияти бунёди кӯдакони СММ-ро бар ӯҳда дорад. Президенти Шӯро ва аъзои он дар масъалаҳои маъмурӣ ва амалкардӣ ҳамоҳангсоз мебошанд.
Ҷонибек Ҳикмат қаблан дар солҳои 2010-2014 дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир ба ҳайси котиби дуюм фаъолият доштааст. Ғайр аз ин, ӯ дар солҳои 2016-2019 дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ҳамчун котиби аввал ва мушовир кор кардааст.
Ҷонибек Ҳикмат хатмкардаи Eastern Mediterranean University-и Кипр мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ