“Ҷумъа муборак!” манъ шуд?

Чанд рӯз аст, ки дар мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабтҳои аудиоие чарх мезананд, ки гӯё дар Тоҷикистон ирсоли паёмаки “Ҷумъа муборак!” манъ шуда бошад. Гӯё ирсоли чунин паёмак ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Аз ҷумла дар яке аз чунин сабтҳо зане мегӯяд, ки “ба рӯзи саиди ҷумъа табрик кардан дигар манъ шудааст ва ду сол “статя” (ҷазо ё ҳукми зиндон дар назар аст,- муаллиф) дорад”. Зан мегӯяд, ки гӯё дар ҷои кораш аз ӯ дар хусуси табрикот бо рӯзи ҷумъа баёнот гирифтаанд ва огоҳӣ додаанд, ки дигар дӯстону наздиконашро ба ин рӯз таҳният нагӯяд.

“Қонунаш баромадааст. Дигар дар Ватсапу Имо ҳамдигарро “Ҷумъаи саид муборак!” гуфта табрик накунед. Коғазҳоро оварда ба мо фаҳмонданд ва дар зераш имзо мондем”,- гуфтааст он зан, ки шахсияташ маълум нест.

Ин хабарҳои садоӣ тайи як ҳафтаи охир дар тамоми Тоҷикистон паҳн шуда ва ҳатто ба муҳоҷирони тоҷик расиданд. Вале мақомоти марбутаи кишвар дар ин маврид иттилои расмӣ нашр накардаанд.

Бо гузашти чанд рӯз сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Афшин Муқим гуфт, ки шаҳрвандон асос доштан ё надоштани ин паёмро аз масъулини Кумита пурсидаанд. Вале ба гуфти Афшини Муқим, дар робита ба ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он дастуру меъёри махсус таҳияву қабул нашудааст.

“Ин гуна паёмҳо ягон асоси қонунӣ надоранд ва онро нафарони иғвоангез байни ҷомеа паҳн кардаанд. Бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст”,- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Масъалаи ирсоли паёмакҳо бо ишораи “Ҷумъа муборак!” ё “Рӯзи саиди ҷумъа муборак!” борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст. Бисёре аз корбарон навиштаанд, ки нафарони шиносу ношинос бо ирсоли чунин паём онҳоро нороҳат мекунанд. Чанд нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ танзомез “Сешанбе муборак” ва “Панҷшанбе муборак” навишта, чунин паёмакҳоро маҳкум ҳам мекунанд. Вале кам нестанд нафароне, ки мехоҳанд бо табрики рӯзи махсуси мусалмонон ҳамдигарро хушнуд кунанд.

Ф. БОБОЕВА, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *