Як рӯзи Лео Месси чӣ гуна мегузарад?

Футболбозоне чун Лео Месси бисёр кам дар мусоҳибаҳои калон иштирок мекунанд, вале агар бо журналисте ҳамсуҳбат шуданд, пас чанд рӯз ё ҳатто ҳафтаи дигар тамоми расонаҳо доир ба нуктаҳои муҳими он мегӯянд.

Ҳафтаи гузашта Лео Месси бо журналисти амрикоӣ ҳамсуҳбат шуд ва яке аз саволҳои асосии мусоҳиба ин чӣ гуна гузаштани як рӯзи футболбоз буд, ки ӯ чунин ҷавоб дод:

— Ман соати 13 ба хона меоям. Якҷо бо оилаам хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрем. Пасон телевизор тамошо мекунем. Ягон филм ё сериал мебинам.

Лео Месси аз шарҳи бештар худорӣ кардааст, вале барои мухлисонаш равшан гардид, ки ӯ хӯроки нисфирӯзиро бо ҳамсараш тановул ва филм тамошо мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *