Ҷустуҷӯи ҳудуди 400 нафар барои напардохтани пули алимент
Дар Тоҷикистон 398 нафар барои напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зисташон дар кофтуков қарор доранд. Онҳо бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ҷустуҷӯ ҳастанд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ба гуфти Барно Саидвализода, соли сипаригардида ба Хадамот 11 636 санади истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд. Ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,1 фоиз зиёд мебошад.
«Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 538 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд»,- илова намуд сардори Хадамоти иҷро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ