Дилмурод Давлатзода

Дилмурод Давлатзода: Шумораи нафақагирон афзудааст

Айни замон дар кишвар 763 ҳазору 333 нафақагир будаанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 516 ё 1,8 дарсад бештар аст.

Ин нукта имрӯз, 7-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зикр гардид.

Бино ба гуфтаи мавсуф, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 257,7 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн сомонӣ ё 2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тавре зикр гардид, дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159146 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 1367 нафар ё ин ки 0,9 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба иттилои директори Агентӣ, барои пардохти нафақаи нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 51,9 млн сомонӣ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 325, 84 сомонӣ баробар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *