Ӯзбекистон барои рӯзи мабодо маводи доруворӣ захира мекунад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 июл дар видеоконфронси худ вазъи эпидемиологии Узбекистонро дар алоҳида баррасӣ намуда, супориш дод, ки дар тӯли се моҳ захираи дорувориро ташкил кунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент дар саҳифаи Telegram-и худ хабар дод.

«Чӣ қадар маблағ лозим бошад медиҳем, аммо вақте ки доруҳо қимат мешаванд, ин боиси норозигии мардуми мо мегардад. Мо бояд инро зери назорат гирем. Боз мегӯям, мо ҳама чизро дар ихтиёри худ дорем ва ин имкониятро сари вақт истифода бурдан даркор. Аз ин рӯ, мо бояд як захираи бузурги дорувори ташкил кунем ва дар ҳолати хуруҷи каронавирус мувозинати нархро нигоҳ дошта тавонем» — гуфтааст Шавкат Мирзиёев дар видеоконфронс.

Инчунин президент ба роҳбарони бахшҳои савдо дастур додааст, ки нархҳо дар бозорҳои озуқавори назорат кунанд.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *