Ӯзбекистон: Раъйпурсӣ шаффоф эътироф шуд, Қонуни асосӣ тағйир меёбад

Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистонро ошкор, шаффоф ва демократӣ эътироф кард.

Котиби генералии ташкилот Чжан Мин дар брифинг бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки «мо нақзи қонунро надидем. Намояндагӣ раъйпурсиро ошкоро, шаффоф ва демократӣ эътироф мекунад».

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон рӯзи якшанбе ба тарҳи қонун дар бораи Қонуни асосии кишвар дар таҳрири нав раъй доданд. Тибқи иттилои Маркази Комиссияи марказии интихобот, ширкат дар раъйпурсӣ 84,54 дарсади шумораи умумии интихобкунандагон ё беш аз 16,6 миллион нафарро ташкил дода, 90,21 дарсад ё беш аз 15 миллион нафар ба ҷонибдории Қонуни асосии навшуда овоз додаанд.

Ҳамин тариқ, тибқи тағйироти ҷадид, аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ дар ин кишвар тағйир меёбад.

Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳақи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *