Ҳабси ду ҷавони дағалгуфтор дар Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҳабси ду нафар ҷавон барои майдаавбошӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Олимов Рамазон Абдурозиқович, санаи таваллудаш 20.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак М16 ва Насриддинов Шоҳрух Рустамович, санаи таваллудаш 29.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2 дастгир карда шудаанд.

— Номбурдагон санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар кӯчаи Испечак қарор доштан, нисбати ду нафар ҷавондухтарони роҳгузар муносибати дағалона намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, то нисбати ҷавонони дағалгуфтор чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Олимов Рамазон ва Насриддинов Шоҳрух тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шудааст.

Зимни мурофиаи судӣ номбурдагон ҷиҳати минбаъд ба қонуншиканӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *