Бунёди меҳмонхона барои сайёҳон дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонхонаи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки метавонад дар як вақт ба 20 нафар хизмат расонад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иншооти нав барои истироҳату фароғати сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, меҳмонхона бо тарҳи хоса ороиш ёфтааст.

— Ташкили чунин меҳмонхона барои​ қабули сайёҳон амри саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои дар оянда низ беҳтар намудани хизматрасониҳо ба гардишгарон ба масъулин тавсияҳо дода шуд,- меафзояд манбаъ.​

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *