“Марсел” дар Лигаи 1 аз “ПСЖ” 5 хол қафо монд

“Марсел” бар “Осер” ғалаба кард ва фарқи байни “ПСЖ” дар Лигаи 1-ро ба панҷ имтиёз наздик намуд.

Футболбозони “Марсел” дар вохӯрии даври 33-юми чемпионати Фаронса бар “Осер” ғалаба карданд.

Вохӯрӣ, ки рӯзи якшанбе дар Марсел баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон, ки голҳоро Ҷенгиз Ундер (дақиқаи 74-ум) ва Алексис Санчес (76) ба самар расониданд, анҷом ёфт. Аз тарафи меҳмонон Бирама Туре (33) гол зад.

“Марсел”, ки дар Лигаи 1 пайдарпай севумин ғалабаи худро ба даст овардааст, бо 70 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад ва бо 5 бозии охири мавсим ба пешсаф — “ПСЖ” (75), ки рӯзи якшанбе аз Лориен шикаст хӯрд, наздиктар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *