удар

Ду ҳолати расонидани зарар аз ҳиссиёти авбошӣ

Ноболиғи 17-солаи шаҳри Душанбе бо корд ду маротиба ба пойи марди 19-сола задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “1-уми апрели соли 2023, тахминан соати 22:00, дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда ба рони пояш 2 маротиба задааст”.

Ба ин монанд, марди 55-солаи дигари шаҳри Душанбе ба таги манаҳи марди 46-сола бо олоти бурандаи алмос (лезва) задааст.

Гуфта мешавад, ки “1-уми апрели соли 2023, тахминан соати 19:10 дақиқа, дар кӯчаи М. Мастонгулови пойтахт, марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо олоти бурандаи алмос (лезва) ба таги манаҳаш задааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *