КҲФ маълумот оид ба зарари селҳоро дар Хатлон интишор кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар дар бораи зарари селҳо дар вилояти Хатлон иттилои муфассал дод.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 4-уми апрели соли 2023 тахминан соати 00:20 дақиқа бар асари боронҳои шадид сели бузург ба хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Сайфидин Кабуд, деҳаҳои Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зарар расонд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ гузориш дод, ки ба 66 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон обу лойқа даромада, 1 манзил дар деҳаи Пахтакор қисман зарар дидааст.

Илова бар ин, дар деҳаи Селгаи ҷамоати деҳоти С. Кабуд ба 159 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромада, зарари моддию иқтисодӣ расонидааст.

Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайня мекунад.

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумита дар шаҳри Кӯлоб бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 3 ба 4-уми апрели соли ҷорӣ сел қубури бузурги оби нӯшокии диаметраш 300 мм-ро дар сойи Тебалай, ки 1-уми апрели соли 2023 аз тарафи муассисаи давлатии обу корези шаҳр барқарор карда шуда буд, дубора хароб кард. Ҳамзамон, иншооти ёрирасони сокинони деҳаи Тудакафш дар натиҷаи баланд шудани оби сойи Тебалай қисман фурӯ рафт.

Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ мавзеи ба ҳам омадани сойи Зиракӣ бо Даҳанасой садди муҳофизатии Сойи Даҳана ба масофаи 150 метр рахна гардида, тавассути заминҳои кишт ба пули роҳи мошингузари самти фурӯдгоҳи байналмилалӣ таҳдид намуда, қисмати ба сутунҳои пул ва роҳ расид. Барои пешгирӣ намудан аз харобии пул ва роҳ техникаҳои муҳандисӣ: 1 адад булдозер, 1 адад мехлопата ва 1 адад мошини боркаши КАМАЗ сафарбар гардид. Ин тадбир имкон дод, ки ба зудӣ маҷрои об дар қисмати боло тағйир дода шавад ва хатар ба пулу роҳ кам гардад.

Дар ҷамоати деҳоти Даҳана, мавзеи Гулрез 110 метр иншооти соҳилбандӣ аз баланд шудани оби сойи Даҳана зарар дид. Айни замон аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо ҷалби техника корҳои хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар мавзеи мазкур идома дорад.

Ҳаҷми зарар аз тарафи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб муайян карда мешавад.

Тибқи маълумоти Шуъбаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзи 4-уми апрели соли 2023 дар деҳаи Тебалай, ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муминобод бо ҷалби 2 адад техникаи мехлапата ва 13 нафар сокинони деҳаи мазкур дар шафати чапи сойи Тебалай ба миқдори 33 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ хобонида шуд.

Дар натиҷаи боронҳои пай дар пайи рӯзҳои 3 ба 4-уми апрели соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, мавзеи деҳаи Ниҳолпарвар то деҳаи Хоҷаи Шом қисман шусташавии садди муҳофизатии дарёи Ёхсу мушоҳида карда шуд.

Кормандони Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Восеъ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Восеъ ва масъулони ҷамоати деҳот дар мавзеҳои харобгардидаи садди муҳофизатӣ 62 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ хобонида шуда, бо сими 8 мм мустаҳкам карда шуданд.

Барои гузаронидани корҳои соҳилбандӣ техникаҳои муҳандисӣ ҷалб гардида, дар нақша аст, ки 5-уми апрели соли ҷорӣ аз мавзеи Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ кашонидани тахтасангҳои оҳану бетониро ба мавзеи мазкур оғоз намоянд.

Тибқи маълумоти Шуъбаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 3-4-уми апрели соли 2023 дар 11 километр шоҳроҳи байналмилалии Данғара-Бохтар, дар байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сангтӯда 10 қубури обгузар ва 2-3 километр роҳи мошингардро қисман шустааст.

Оғили як сокини деҳа хароб шуда, 1 сар чорвои калон ва 10 сар чорвои хурд ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *