Сели азим дар Панҷ таҳхонаву заминҳоро зери об кард

Дирӯз, 4-уми апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кардааст.

Бино ба иттилои КҲФ, бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводаеро, ки дар селроҳа маскан доштаанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол додааст.

Барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафтааст.

Гуфта мешавад, ки дар минтақаи офат Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода таҳти сарварии раиси вилоят Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.

— Қувваҳои лозимӣ барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фиристода шудааст. Айни замон корҳои барқарорсозии харобиҳои сел оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Дар натиҷаи офат ҳалокати одамон ва харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *