Даври аввали Лигаи олӣ сергол буд

Даври аввали мавсими нави Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Дар панҷ вохӯрӣ 20 гол зада шуд, ки ба ҳисоби миёна ба як бозӣ 4 гол рост меояд.

Дар даври якуми 1XBet-Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар «Кӯктош» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Қаҳрамони вохӯрӣ ҳамлагари «Равшан» Тоҳир Малодӯстов гардид, ки дубл кард.

Бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври аввал бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар ғалабаи бузург ба даст овард — 3:0. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов заданд.

Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд дар ҳоле, ки бо ҳисоби 0:2 шикаст мехӯрд, ташаббусро ба даст гирифта, билохира бар КМВА-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Бахтиёр Зарипов муаллифи аввалин хет-трик дар мавсими имсолаи Лигаи Олӣ гардид ва беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳам дониста шуд.

Бозии даври якуми байни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби мусовӣ — 2:2 хотима ёфт. Дар ин бозӣ чор нафар аз ҷониби довар аз майдон ронда шуданд.

Дар вохӯрии охири даври аввал «Истиқлол»-и Душанбе дарвозаи «Хуҷанд»-и Хуҷандро голборон кард — 4:0. Ҳамаи голҳоро бародарон Ромиш, Манучеҳр ва Алишер Ҷалиловҳо заданд, ки охирӣ дубл кард.

Даври дуюм 6-уми апрел шуруъ мешавад, ки «Кӯктош» бо «Ҳосилот» ва «Хатлон» бо «Эсхата» бозӣ мекунанд. Дар рӯзи 7-уми апрел КМВА бо «Равшан», «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» бо «Файзканд» вомехӯранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *