Ингушистон: Дар тирпарронӣ се маъмури амниятӣ кушта шуданд (видео)

Дар як тирпарронӣ бо ҷинояткорон дар ноҳияи Малгобеки Ингушистон се маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Дар ин бора дар телеграмм-канали SHOT хабар дода шудааст.

Дар натиҷаи тирпарронӣ дастикам чаҳор афсари дигари полис захмӣ шудаанд. Ҷинояткорон дар деҳаи Зязиков-Юрт тирпаррониро оғоз кардаанд, ки он ҷо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои гузаронидани санҷиши мақсадноки хонаҳо дар доираи амалиёти зиддитеррористӣ омада будаанд.

Пас аз расидани неруҳои махсус ба ҷои ҳодиса, роҳзанҳо дар бино банд шуда ва дар натиҷа ҷанг оғоз шудааст. Сараввал роҳзанҳо тир кушодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *